Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тохтутози барфу сармо дар қораи Аврупо


Сармои шадид ба тохтутозаш дар саросари қораи Аврупо идома медиҳад. Олмон дар чанги барфу бӯрон қарор дошта, мақомот аз мардум хостаанд, ғизову оби нӯшокӣ захира кунанд.
Бритониё шоҳиди зимистони аз лиҳози сардӣ дар се даҳсолаи охир бесобиқа буда, маҷбур шудааст, ба хотири таъмини мардум истифодаи газро дар корхонаҳо камтар кунад.
Дар Фаронса барфрезиҳои шадид боиси эҷоди ихлол дар ҳаракати қаторҳои роҳи оҳан ва қатъ шудани интиқоли нирӯи барқ шудааст. Сармои шадид дар Испанияву Португалия, бино ба хабарҳо, ҳаракати нақлиётро дучори мушкил кардааст. Мақомоти Лисабон, пойтахти Португалия, ду истгоҳи метроро шабона ҳамчун сарпаноҳ барои мардуми бехона истифода кардаанд.
Дар як рустои Норвегия ҳарорати ҳаво 42 дараҷа зери сифр шуда, дар Лаҳистон тайи ду рӯзи охир бар асари сармо 9 нафар ҷони худро аз даст доданд. Аз оғози моҳи ноябр дар ин ҷо ба иллати сардиҳо 139 нафар ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG