Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии номзадҳои нав ба кобинаи Афғонистон


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай рӯзи шанбе феҳрасти дуввуми номзадҳо ба узвияти кобинаи нави вазиронашро ба парлумон ироа кард. Феҳрасти нав исми 16 номзадро фаро мегирад ва ҳамаи 17 номзад аз 24 номзадеро, ки парлумони Афғонистон дар раъйгирии аввал радд карда буд, истисно кардааст. Мушовири амниятии Карзай Залмай Расул аз ҷумла ба симати вазири хориҷа пешниҳод шудааст. Карзай мехоҳад, кобинааш то 28 январ – рӯзи ифтитоҳи анҷумани байналмилалии Афғонистон дар Лондон такмил шавад.
XS
SM
MD
LG