Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти маводи воридотии Тоҷикистон дар Узбакистон


Зиёда аз 1000 вагон молу мавод, ки аз Эрон ва Русия ба Тоҷикистон фиристода шудаанд, дар гузаргоҳҳои роҳи оҳани Узбакистон боздошт шудаанд ва талошҳои мақомоти Тоҷикистон барои раҳо кардани онҳо ҳанӯз натиҷае надодаанд. Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон дарин бора ба мақомоти Узбакистон расман муроҷиат кардааст, вале як моҳ боз аз Тошканд ҷавобе намерасад: «Бо ин вуҷуд, мо интизори посухи ҷониби Ӯзбекистон ҳастем. Умедворем, ки масъала ба зудӣ ва мусбат ҳалли худро пайдо мекунад.»
Аксари ин қаторҳои боркаш дар истгоҳи Қаршии Ӯзбакистон боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG