Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳилоли Аҳмари Эрон дар Душанбе намояндагӣ боз мекунад


Зафар Муҳаббатов-раҳбари ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба матбуот хабар дод, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон мехоҳад дар Душанбе намояндагии худро боз кунад. Дар ин бора дар ҷараёни боздиди Маҳмуди Аҳмадинежод аз Тоҷикистон миёни раҳбарони ҷамъиятҳои ду кишвар тавофуқ ба даст омадааст. Ҷониби Эрон гуфтааст, Ҳилоли Аҳмари Эрон кормандони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро барои ҳолатҳои изтирорӣ машқ медиҳад. Ҳайати Ҳилоли Аҳмари Эрон аз бахшҳои мухталифи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон боздид ва пешниҳодҳоро барои нақшаҳои ҳамкорӣ ҷамъоварӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG