Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо хадамоти кашфи давлаташ мулоқот кард


Шоми дирӯз Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, хадамоти кашфи Амрико дар рӯзи иди Милоди Масеҳ ҳамаи маълумоти заруриро барои ҷилавгирӣ аз талоши ҳамла дар ҳавопаймои Амрико доштанд, ҳамлае, ки ноком шуд, вале натавонистанд бо якдигар тамоси зарурӣ бигиранд ва ин хатарро дуруст дарк кунанд. Обама чунин рафторро ғайриқобили қабул арзёбӣ кард ва гуфт, вай наметавонад чунин саҳлангориро таҳаммул кунад. Вай гуфт, "мо бояд беҳтар кор кунем ва беҳтар кор хоҳем кард". Ва Обама қавл дод: "Мо ин корро зуд мекунем". Обама гуфт, ки дар феҳристи ниҳодҳои назоратии давлат тағирот ба вуҷуд хоҳад омад, зеро ин ниҳодҳо натавонистаанд дар бархе мавориди хатарзо комёб шаванд. Дар ин маврид тероррист, шаҳрванди Нигерия дар назар аст, ки 25-ӯми декабр дар Амстердам бо маводи мунфаҷира аз чашми нозирони амниятӣ дур монд ва тавонист савори ҳавопаймои Амрико шуд.
XS
SM
MD
LG