Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Э. Раҳмон ба пуштибонӣ аз тарҳи Роғун


Tajikistan --Emomali Rahmon, the president of Tajikistan during TV appeal, 05Jan2010
Tajikistan --Emomali Rahmon, the president of Tajikistan during TV appeal, 05Jan2010

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як муроҷиати телевизиониаш ба мардуми кишвар бори дигар ҳамагонро ба харидории саҳмияҳои нирӯгоҳи барқи обии Роғун даъват кард.

Вай аз ин тарҳи азим ва серхароҷот, ки ҳанӯз мебоист дар замони шӯравӣ бунёд мешуд, чун як “ғояи миллӣ” ёд кард ва онро на танҳо “манбаи нуру рӯшноӣ, балки санги маҳаки номуси миллӣ ва шарти пойдории давлат" номид.

Даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзи 6-уми январ маъракаи фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун расман оғоз меёбад. Давлати Тоҷикистон гуфтааст, куллан дар ҳаҷми 6 миллиард сомонӣ, муодили беш аз 1 миллиарду 370 миллион доллар саҳмияи Роғунро ба бозор арза хоҳад дошт. Саҳмияҳо баробар ба 100 то 5000 сомонӣ буда, барои харид ба шаҳрвандони оддӣ ва ҳам сохторҳои маъмуриву давлатӣ ва тиҷоратӣ пешниҳод мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиати телевизиониаш як рӯз пеш аз шурӯи фурӯши саҳмияҳои Роғун гуфт, ки “дар ин кор ба мардумии кишвар такя мекунад.”

Вай гуфт, “ман итминони комил дорам, ки ҳар як фарди Тоҷикистон, яъне пиру ҷавон, чун ҳарвақта бо муҳаббат ва садоқати гарму самимӣ нисбат ба ватану сарзамини аҷдодӣ ва инчунин бо пуштибонӣ аз манфиатҳои давлату миллат сохтмони нирӯгоҳи Роғунро аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ мекунанд.”

Раҳмон афзуд, ки ҳукумат ният дорад “дар солҳои наздиктарин” фаъолияти ду агрегати нирӯгоҳро ба кор андозад. Вай гуфт, ки ба хотири суръат бахшидани сохтмон ва ба “моликияти истисноии давлату мардум” табдил додани Роғун саҳмияҳои ин иншоот бо кафолатҳои зарурӣ барои фурӯш ба шаҳрвандони Тоҷикистон пешкаш шудааст.

Вай гуфт, ки мутмаин аст, мардуми Тоҷикистон аз “имтиҳони ҷиддии таърих низ” мебарояд. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯшанфикрону чеҳраҳои саршиноси кишвар, аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин, ҳамчунин соҳибкорон, тоҷикистониҳои бурунмарзӣ ва форсизабонони дунё даъват кард, ки дар хариди саҳмияҳо ташаббус ва намунаи ибрат нишон диҳанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, “Роғун ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонаводаи мардуми мо мебошад. Аз ин рӯ, саҳмгузорӣ ба ин иншооти аср қарзи фарзандии ҳар як инсони худогоҳ ва фарзи мусулмониву имондории ҳар шахси мӯъмин ба шумор меравад”.

Тоҷикистони ташнаи истиқлолияти энержӣ ният дорад тавассути бунёди Роғун, ки чандин сол аст бо мушкили маблағгузорӣ рӯбарӯ шудааст, эҳтиёҷоти барқии худро бароварда созад. Сармояе, ки эҳтимолан аз фурӯши саҳмияҳои ба даст меояд, харҷи танҳо бахши авввали сохтмони нирӯгоҳи Роғунро пӯшонда метавонад. Давлати Тоҷикистон гуфтааст, ҳамзамон сармоягузориро ба сохтмони Роғун аз ҳисоби буҷа идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG