Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қимати нафт афзоиш ёфт


Қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба баландтарин сатҳ дар фурсати беш аз як соли охир расидааст. Нархи як бушка нафти хом шоми душанбе дар бозори Ню-Йорк ба 81,51 доллар баробар шуда тақрибан бо қиматҳои моҳи октябри соли 2008 баробар шуд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки эҳтимоли боз ҳам афзудани қимати нафт вуҷуд дорад, чунки бо сабаби сардиҳои шадид дар ИМА, Аврупо ва баъзе бахшҳои Осиё ва пастравии арзиши доллари амрикоӣ эҳтиёҷ ба нафт афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG