Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Тоҷикистон синни нафақаро пойин наовард


Маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон пешниҳоди пойин овардани синни нафақаро радд кард. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд, ки синни нафақа барои мардон аз 63 ба 60 ва барои занон аз 58 то 55-солагӣ пойин оварда шавад.
Аммо вазири ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғлу аҳолии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, кишвар феълан ба далели имконоти танги молӣ тавони пойин овардани синни нафақаро надорад.
Бино бар омори расмӣ, феълан дар Тоҷикистон беш аз 550 000 нафақахӯр ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG