Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия мегӯяд, содироти нафтро аз сар гирифт


Русия мегӯяд, интиқоли нафташ ба корхонаҳои тасфияи нафти Беларусро аз сар гирифтааст. Хабаргузории Интерфакс аз қавли муовини сарвазири Русия Игор Сечин навишт, ки гуфтааст, Русия интиқол нафт ба корхонаҳои нафтии Беларусро дирӯз аз сар гирифт. Ҷониби Беларус низ ворид шудани нафти хом аз Русияро тасдиқ мекунад.
Бо ин ҳол, сарвазири Русия Владимир Путин изҳори умед кард, ки тавофуқ бо Минск бар сари шароити содироти нафт дар фурсати наздик ба даст биояд.
Рӯзи якшанбе Беларус гуфт, Маскав аз Минск тақозои пардохт кардани боҷу хироҷи бештар кардааст, ки мухолифи қарордодҳои имзошуда дар чаҳорчӯби Иттиҳоди гумрукист.
XS
SM
MD
LG