Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои 6 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон


Дар пайи мулоқоти руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар Душанбе 6 санади ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар, аз ҷумла ду созишнома ва се ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ин асноди ҳамкорӣ аз ҷумла марбут ба шароити истирдоди афроди таҳти пайгард, ҳамкорӣ дар риштаҳои энержӣ ва заминшиносӣ, ба анҷом расондани нақби “Истиқлол” ва омӯзиши тарҳи нирӯгоҳи Айнист.
Маҳмуди Аҳмадинажод сафари расмии дурӯзааш ба Тоҷикистонро субҳи имрӯз оғоз кард. Дар ҷараёни ин сафар боздиди ӯ аз маҳалли эҳдоси тарҳҳои муштараки Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла аз маҳалли сохтмони нирӯгоҳи дуввуми Сангтӯда дар назар дошта шудааст.
XS
SM
MD
LG