Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори эронӣ 6 сол маҳкум ба зиндон шуд


Аҳмад Зейдободӣ-яке аз рӯзноманигорони шинохтаи Эрон барои таблиғ бар зидди низоми ҳокими исломии Эрон 6 сол маҳкум ба зиндон ва 5 соли дигар маҳкум ба бадарға ба як шаҳраки биёбонии дурдаст шудааст. Бино ба ҳукми додгоҳ, оқои Зейдободӣ ҳамчунин як умр наметавонад бо корҳои сиёсӣ машғул шавад. Дар ин бора хабаргузории Ассошиейтед Пресс иттлоъ додааст. Зейдободӣ аз ҷамлаи бештар аз 100 нафар шахсиятҳои сисёсии Эрон аст, ки баъд аз интихоботи зиддунақизи раёсати ҷумҳурии Эрон ба додгоҳ кашонда шудаанд. Мустафо Муҳаммад Наҷҷор-вазири дохилаи Эрон гуфт, вай дастур додааст, ба ононе, ки аз тазоҳуроти мухолифон ҳимоят мекунанд, ҳеҷ гоҳ тараҳҳум накунанд.
XS
SM
MD
LG