Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Аҳмадинежод аз Тоҷикистон оғоз мешавад


Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон субҳи имрӯз бо як сафари расмии дурӯза вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад. Давлат Назриев-сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, худи ҳамин рӯз мулоқоти раиси ҷумҳури Эрон бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад ва дар зимн иҷрои қарордодҳои қаблан имзошудаи миёни ду кишвар баррасӣ хоҳанд шуд. Сипас, музокироти ҳайатҳои баландпояи ду кишвар рӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои иқтисоду энержӣ, мухобирот ва кишоварзӣ сурат хоҳад гирифт. Ба таъкиди сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, имзои чанд санади ҳамкорӣ дар назар аст.
XS
SM
MD
LG