Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи ИА аз тавофуқи Маскав бо Киев


ИА аз ахзи тавофуқ миёни Русияву Украина бар сари нархи нафт истиқбол кард. Куммиссиюни Аврупо гуфт, давлати Русия хабардораш кардааст, ки таҳдиди ихлол дар роҳи интиқоли нафти Русия ба ИА тавассути Украина аз байн рафт.
Дирӯз ширкати давлатии “Нафтогаз”-и Украина гуфт, Киеву Маскав қарордоди нави транзити нафтро имзо кардаанд, ки 30 дарсад боло бурдани қимати транзитро дар назар дорад.
Русия қаблан ҳушдор дода буд, ки шояд интиқоли нафташ ба Словакияву Чехия ва Маҷористон ба далели баҳси нарх бо Украина халалдор шавад.
XS
SM
MD
LG