Пайвандҳои дастрасӣ

2040 қурбонии имсолаи ҷанги Афғонистон


Бино бар омори СММ, ки хабаргузории Франс Пресс нашр кард, мизони ҳалокати афроди ғайринизомӣ дар Афғонистон дар 10 моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 10 дарсад аз ҷамъи кушташудагонро ташкил медиҳад. Теъдоди мардуми осоиштаи кушташуда дар Афғонистон имсол назар ба соли гузашта тақрибан 200 нафар афзуда, наздики 2040 нафар шудааст.
Бино бар ин омор, беш аз 1400 нафар аз ин миён бо дасти ҷангиёне кушта шудаанд, ки алайҳи давлати Ҳомиди Карзай ва нирӯҳои байналмилалӣ меҷанганд.
XS
SM
MD
LG