Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби аграрӣ 22 номзад пешбарӣ кардааст


Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар пайи баргузории анҷумани пешазинтихоботиаш эълон кард, ки ба ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ дар интихоботи парлумонии рӯзи 28 феврал 22 номзад пешбарӣ мекунад. Дар анҷумани севвуми ҳизб барномаи пешазинтихоботии ҳизби аграрӣ низ тасвиб шудааст, ки таъкидаш рӯи масоили таъмини амнияти ғизоӣ ва маблағгузории бештар ба риштаи кишоварзии кишвар аст.
То кунун анҷуманҳои пешазинтихоботии ҳамаи 8 ҳизби сиёсии расман сабтиномшуда дар Тоҷикистон доир шуд. Аҳзоби халқӣ-демократӣ, сотсиал-демократ, наҳзати исломӣ ва аграрӣ ба ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ - 22 номзад, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ - 13, ҳизби сотсиалист – 12 , коммунистҳо – 10 ва ҳизби демократ – 9 номзад пешбарӣ карданд.
XS
SM
MD
LG