Пайвандҳои дастрасӣ

Консерти солинавӣ дар майдони Дӯстӣ лағв нашудааст


Шаҳрдории Душанбе овозаҳои пайдошуда дар бораи лағви консерти солинавӣ дар майдони Дӯстии пойтахти Тоҷикистонро радд кард. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ гуфтааст, ин консерт бо ширкати ситораҳои эстрадаи тоҷик тибқи нақша рӯзи 31 декабр аз соати 20 то 22 барпо хоҳад шуд. Қаблан як намояндаи вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба хабаргузориҳо гуфт, ки консерти солинавӣ дар майдони Дӯстӣ лағв шудааст.
Шавкат Саидов гуфт, ба хотири баргузории ин консерт ҳаракати нақлиёт дар маркази Душанбе аз соати 18-и шоми 31 декабр манъ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG