Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ҳалокати мардум дар Кунарро маҳкум кард


Дафтари раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, дар ҷараёни амалиётҳои низомии нирӯҳои Ғарб дар вилояти Кунар 10 нафари ғайринизомӣ, ки ағлаб хонандагони хурдсоли мактаб будаанд, кушта шуданд. Кунар дар шарқи Афғонистон, дар наздикии марз бо Покистон воқеъ аст.
Карзай ҳалокати афроди ғайринизомиро шадидан маҳкум карда, ба манзури таҳқиқи қазия як ҳайъат таъйин кардааст.
Ҷузъиёти дигари ҳодиса ҳанӯз дастрас нест.
XS
SM
MD
LG