Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон Эронро аз дӯстони наздиктарини Душанбе хонд


Хабаргузории эронии “Форснюс” менависад, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пешорӯи сафари расмии ҳамтои эрониаш Маҳмуди Аҳмадинажод Эронро дар ҳоли ҳозир наздиктарин дӯсти кишвари худ тавсиф карда, гуфтааст, Душанбе ҳамкории ҳамаҷониба бо Теҳронро дар авлавият мегузорад. Оқои Раҳмон Эронро кишвари муттамаддину пешрафта ва соҳиби фанновариҳои навин ба қалам дода, изҳори умедворӣ кардааст, ки сафари Аҳмадинажод оғози рушди ҷиддии равобити ду кишвар дар кулли соҳот хоҳад шуд.
Интизор меравад, раисиҷумҳури Эрон рӯзҳои 6 ва 7 январ аз Тоҷикистон боздид кунад.
XS
SM
MD
LG