Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди кушташудагони сӯхтори Перм ба 152 нафар расид


Шумораи афроде, ки аз сӯхтор дар тарабхонаи "Хромая лошад"-и Перми Русия ба ҳалокат расиданд ба 152 нафар расид. Вазорати умури изтирории Русия хабар дод, ки ду зани дигар, ки бо ҷароҳати сангин дар бемористон зери назари пизишкон буданд, рӯзи панҷшанбе фавтидаанд. Сӯхтор дар ин тарабхонаи Русия дар аввали декабр бар асари оташбозӣ дар толор сар зада, ҳамагӣ як баромадгоҳ доштани он сабаби захмӣ шудани даҳҳо нафар гардид. Ҳоло 74 захмии дигари ҳодиса дар бемористон мебошанд.
XS
SM
MD
LG