Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ боздошти Лебедевро ғайриқонунӣ донист


Додгоҳи олии Русия боздошти Платон Лебедев, яке аз раҳбарони ширкати нафтии ЮКОС дар соли 2003-юмро ғайриқонунӣ ҳукм кард. Ин ҳукм дар посух ба ҳукми ду сол пеши Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар аст, ки мегуфт, ҳуқуқи Лебедев дар замони боздошташ поймол шуда буд.
Лебедев дар ширкати феълан пошхӯрдаи ЮКОС ҳамроҳи Михаил Ходорковский кор мекард. Ходорковский, ки замоне бойтарин нафар дар Русия маҳсуб мешуд, ҳамроҳ бо шарики тиҷориаш Лебедев бо ҷурми сарпечӣ аз пардохти молиёт ҳар кадом ба 8 соли зиндон маҳкум шудаанд.
XS
SM
MD
LG