Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буридани гӯшу бинӣ бо ҳукми додгоҳи Лоҳур


Додгоҳи шаҳри Лоҳури Покистон ду мардро ба буридани гӯшу бинии онҳо маҳкум кардааст. Ин ду мард қаблан гӯшу бинии занеро, ки издивоҷ бо якеи онҳоро радд карда буд, бурида буданд ва додгоҳ дар қиболи онҳо айни муҷозотро муҷоз хонд. Шермуҳаммад ва хешовандаи ӯ Амонаталӣ Фазилатбибии 22-соларо дар моҳи сентябр бо таҳдиди силоҳ маҷбур мекунанд, ки бо Шермуҳаммад издивоҷ кунад. Вақте ӯ радд мекунад, аввал буғияш мекунанд ва баъд гӯшу бинияшро мебуранд. Қозии додгоҳи Лоҳур Холид Навиддор он ду мардро ҳамчунин ба ҳабси умрбод маҳкум кардааст.
XS
SM
MD
LG