Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ бо намояндаи Оғохон дар Тоҷикистон дидор дошт


Имрӯз Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Мунир Меҳралӣ-намояндаи Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ дошт. Дар ин бора хабаргузориҳои маҳаллӣ иттилоъ додаанд. Бино ба хабари як манбаъ дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои ҳамкорӣ дар соли 2009 ва дурнамои рушди он дар соли 2010-ро баррасӣ кардаанд. Дар мулоқот ҳамчунин иҷрои тарҳои вижаи энержии Тоҷикистон аз мавзӯҳои дигари гуфтугӯи ҷонибҳо будааст.
XS
SM
MD
LG