Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли НАТО ба Афғонистон рафтааст


Дабири кулли паймони низомии НАТО Андерс Фог Расмуссен ба хотири назорат бар ҷараёни омодагии нирӯҳои байналмилалӣ ба вуруди нирӯҳои изофӣ ба Афғонистон рафтааст. Қарор аст, Расмуссен дар ҷараёни ин сафар бо раиси он ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай ва бо фармондеҳи нирӯҳои Амрикову НАТО генерал Стенлӣ МакКристалл мулоқот кунад.
Фармондеҳии нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистонро феълан НАТО бар дӯш дорад ва 33 кишвар ҷиҳати эъзоми ҳудуди 7 000 сарбози изофӣ ба ҳайъати ин нирӯҳо тааҳҳуд супурдаанд. Амрико қаблан эълон кард, ки ба Афғонистон 30 000 сарбози иловагӣ мефиристад. Бо ин, ҷамъи нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон болиғ аз 140 000 хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG