Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Доғистон раиси пулиси маҳаллӣ кушта шуд


Як мақоми расмии Доғистон мегӯяд, ки Абдул Магамедов -раиси пулиси маҳаллӣ дар назди дарвозаи хонааш аз сӯи ҳамлакунандагон кушта шудааст. Марк Толчинский-сухангӯи вазорати дохилаи Доғистон гуфт, ки Магамедов баъд аз бозгашт аз кор шоми рӯзи якшанбе ҳадафи тир қарор гирифтааст. Ҷустуҷӯи қотилон идома дорад. Дар Доғистон, ки бо Чеченистон ҳаммарз аст, тақрибан ҳар рӯз ба мақомоти расмӣ ҳамла сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG