Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон се гумонбари ифротгароӣ боздошт шуданд


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти се узви эҳтимолии як гурӯҳи ифротгаро дар шимоли кишвар хабар дод. Афроди боздоштшуда, ки ба хотири халадор накардани раванди тафтишот ному насбашон ошкор нашудааст, сокинони шаҳри Истаравшананд ва солҳои 2007-2008 дар як тамрингоҳи вижаи ошӯбгарон дар қаламрави Покистон машқ дидаанд. Вазорати умури дохила мегӯяд, ки ҳарсе нафар дар ташкили гурӯҳи “Ҳаракати ҷиҳоди исломӣ” дар Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд. Мақомоти вазорат ҳадс мезананд, ки ин афрод на фақат ба ҷалби одамон ба гурӯҳи худ машғул буданд, балки бархе аз ҷавононро барои тамрин ба Покистон мефиристоданд.
XS
SM
MD
LG