Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти шабонаи Копенҳаген барои расидан ба тавофуқ


Бино ба гузоришҳо, шабе, ки гузашт, раҳбарон ва мақомоти аршади кишварҳои сарватманди ҷаҳон дар Копенҳаген-пойтахти Дания бо ҳам мулоқот карданд, то қабл аз хатми конфронси тағири иқлим назарҳоро дар бораи меъёри коҳиши газҳои гулхонаӣ ва сармоягузорӣӣ дар он наздиктар кунанд. Дар музокироти шабона Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия, хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико ва раҳбарони Британияву Олмон, Фаронсаву Бразилия ва Мексикаву Африқои Ҷанубӣ ширкат доштанд. Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ҳадафи чунин нишасти шабона ин буд, ки дар мавриди санади ниҳоии конфронс созиш ба даст ояд. Кохи Сафед мегӯяд, интизор меравад, ки имрӯз, яъне дар рӯзи охир дар ҳошияи конфронс Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия ва Вен Жибао-нахуствазири Чин мулоқот анҷом диҳад. Амрико ва Чин бузургтарин кишварҳои партобкунандаи газҳои гулхонаӣ ба ҳаво ба шумор мераванд.
XS
SM
MD
LG