Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар инфиҷор дар Ингушистон 23 кас маҷрӯҳ шудаанд


Тибқи иттилоъи ахир, бар асари инфиҷор дар як постгоҳи нозирони роҳ дар канори шаҳри Назрани Ингушистон 23 нафар, аз ҷумла, се ноболиғ маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи бахши Кумитаи тафтишотии Додситонии Кулли Русия дар ин ҷумҳурии воқеъ дар минтақаи Қафқози шимолӣ, як маргталаб бо мошини ҳомили маводи тарканда ба постгоҳи воқеъ дар як чаҳорраҳаи шоҳроҳи “Қафқоз” ҳамла кардааст. Гуфта мешавад, ки нерӯи инфиҷор ба даҳҳо килограмм тротил баробар будааст.
Аз ин пеш бар асари инфиҷори як мошин дар Ингушистон Лайло Ҷониева, ҳамсари яке аз раҳбарони пешини мухолифин Машариф Аушев, маҷрӯҳ шуд. Дар ин ҳодиса модар ва бародари Лайло Ҷониева ба ҳалокат расиданд. Ёдовар мешавем, ки Машариф Аушев моҳи октябри соли равон аз сӯи афроди ношинос ба қатл расида буд.
XS
SM
MD
LG