Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маросими видоъ бо Гайдар рӯзи шанбе баргузор мешавад


Иқтисоддони маъруф ва яке аз меъморони ислоҳоти иқтисодии Русия Егор Гайдар рӯзи шанбе дар оромгоҳи Новодевичиеи Маскав макони охират пайдо хоҳад кард. Маросими видоъ бо ӯ ҳамон рӯз дар Бемористонии марказии клиникии пойтахти Русия баргузор мешавад. Егор Гайдар рӯзи чаҳоршанбе дар манзили худ дар канори Маскав аз олам даргузашт. Табибон то ҳанӯз сабаби марги ӯро мушаххас накардаанд.
Егор Гайдар, набераи адиби маъруфи рус Аркадий Гайдар, дар авоили солҳои 1990 дар як саф бо гурӯҳи иқтисоддонҳо ва сиёсатмадорони замони раёсатҷумҳурии Борис Елтсин аз тарроҳони ислоҳоти иқтисодии Русия буд. Ӯ чанд сол дар мақомҳои вазири иқтисоду молия ва кафили сарвазири Русия ҳам ифои вазифа карда буд. Солҳои охир академик Егор Гайдар раҳбари Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти давраи гузаришро бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG