Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва НАТО барои идомаи ҳамкорӣ омодаанд


Андерс фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО, изҳор намуд, ки тирамоҳи гузашта - як марҳалаи нав дар равобити миёни Русия ва Паймони НАТО гардид. Ин изҳорот дар мулоқоти ӯ бо вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров садо дод. Сергей Лавров, дар навбати худ гуфт, ки миёни Маскав ва НАТО ихтилофи назарҳо боқӣ мондаанд ва аммо ҳарду ҷониб вазъро хуб дарк мекунанд ва омодаи ҳамкорӣ ба хотири ҳалли мушкилотанд.
Сафари Андерс фог Расмуссен ба Маскав нахустин сафари Дабири кулли НАТО ба Русия баъд аз ҷанг дар Қафқози шимолӣ дар моҳи августи соли гузашта аст. Интизор меравад, ки дар гуфтушуниди ҷаноби Расмуссен бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев мавзӯъи ҳамкориҳои Русия ва НАТО ва вазъ дар Афғонистон баррасӣ шавад. Дар ин мулоқот ҷонибҳо рӯи пешниҳодҳои Русия оид ба таъмини амнияти сартосарӣ дар Аврупо низ тамаркуз хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG