Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи ба номи Сахаров - ба ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия


Ба ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия Людмила Алексеева, Олег Орлов ва Сергей Ковалёв ҷоизаи ба номи Андрей Сахаров барои соли 2009 супурда шуд. Маросими супурдани ҷоиза дар шаҳри Страсбург баргузор гардид. Тасмим дар бораи барандаи ҷоиза ба номи Андрей Сахаров эълон кардани ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия аз сзи Парлумони Аврупо моҳи октябр гирифта шуд. Дар баёнияи парлумони Аврупо гуфта шуда буд, ки ҷоизаи “Барои озодии афкор” ба Людмила Алексеева, Олег Орлов ва Сергей Ковалёв ҳамчун намояндагони созмони “Мемориал” ва дигар созмонҳои дидбони ҳуқуқи башари Русия супурда мешавад.
Ҷоизаи “Барои озодии афкор” соли 1988, замони барҳаёт будани Андрей Сахаров таъсис шуда буд ва он посдошти саҳми бузург дар дифоъ аз ҳуқуқи башар ва демократия маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG