Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо алайҳи рукуд дар нишасти Копенҳаген


Имрӯз садҳо нафар ба хиёбонҳои Копенҳаген рехта, алайҳи рукуд дар конфаронси Созмони Милал оид ба мушкилоти тағйири иқлим эътироз карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, кормандони полис ба хотири пароканда кардани тазоҳургарон, ки сӯи макони конфаронс мерафтанд, аз гази ашковар истифода намуданд. Тақрибан сад тан аз тазоҳургарон боздошт шудаанд. Қарор аст, ки ширкатдорони нишаст то рӯзи ҷумъа дар мавриди чораҳои оҷил ба хотири ҷилавгирӣ аз идомаи гармшавии иқлими сайёра ба тавофуқ расанд. Ва аммо кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли рушд дар робита ба ҳаҷми партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо ва раванди назорати партоби ин газҳо то ҳол ба созиш нарасидаанд.
Қарор аст имрӯз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Копенҳаген суханронӣ кунад.
XS
SM
MD
LG