Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия муҳокима мешавад


Сомонаи интернетии додситонии Маскав навиштааст, як шаҳрванди Тоҷикистон барои талоши фурӯши кӯдак дар додгоҳи Истр ҳаволии Маскав муҳокима хоҳад шуд. Бино ба навиштаи ин манбаъ, ин шаҳрванди Тоҷикистон Фирдавс Эмомов ном дорад ва вайро 26-ӯми августи соли 2009 дар қаҳвахонае боздошт кардаанд. Вай хостааст кӯдакеро ба 100 000 рубли русӣ фурӯшад. Дар ҷараёни бозрасӣ маълум шудааст, ки ин кӯдаки як зан, шаҳрванди Ӯзбекистон будааст ва кӯдакро дар ихтиёри Фирдавс гузоштааст.
XS
SM
MD
LG