Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Бан Ки Мун аз паёмадҳои ихтилофи назарҳо


Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ, ба ширкаткунандагони конфаронси ҷаҳонӣ оид ба мушкилоти тағйири иқлим дар Копенҳаген аз паёмадҳои фоҷиавӣ дар сурати муваффақ нашудан ба созиш дар мавриди имзои санади ниҳоии нишаст ҳушдор дод. Аз ин пеш раиси идораи СММ оид ба мушкилоти тағйири иқлим Иво де Бер иқрор карда буд, ки музокирот дар конфаронс назар ба чашмдошт душвортар идома меёбад. Кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли рушд дар робита ба ҳаҷми партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо ва раванди назорати партоби ин газҳо ба мувофиқа нарасидаанд.
Бан Ки Мун ҳамроҳ бо сарони даҳҳо кишварҳои олам дар нишастҳои ниҳоии конфаронси Копенҳаген ширкат хоҳад кард. Қарор аст ин нишаст рӯзи ҷумъа хатм шавад.
XS
SM
MD
LG