Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Чин аз кишварҳои пешрафтаи олам


Чин кишварҳои пешрафтаи оламро дар иҷро накардани ӯҳдадориҳояшон оид ба мубориза бо тағйири иқлим муттаҳам кард. Як мақоми вазорати хориҷаи ин кишвар дар Пекин изҳор намуд, ки дар конфаронси СММ оид ба гармшавии иқлим дар Копенҳаген вазъи нигаронкунанда ба вуқӯъ пайвастааст.
Рӯзи душанбе намояндагони кишварҳои дар ҳоли рушд гурӯҳҳои кории конфаронсро тарк намуданд ва талаб карданд, ки кишварҳои пешрафта партоби “газҳои гулхонаӣ” ба фазоро боз ҳам коҳиш диҳанд. Конфаронси СММ бояд рӯзи ҷумъа, баъд аз он хатм шавад, ки раҳбарони 120 кишвари олам дар Копенҳаген дар мавзӯъи ҷилавгирӣ аз гармшавии иқлими сайёра бо ҳам музокирот мекунанд.
XS
SM
MD
LG