Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон таҳримҳои эҳтимолиро "ноодилона ва сиёсӣ" номид


Эрон мегӯяд, ҳама гуна таҳримҳои нави Созмони Милал дар робита ба барномаи ҳастаии Теҳрон "ноодилона ва сиёсӣ" хоҳад буд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, Ромини Меҳмонпараст ҳамчунин таҳримҳоро "берун аз ҳама гуна чаҳорчӯбаи аз лиҳози байнулмилалӣ эътирофшудаи қонунӣ" номид. Вай дар ҳоле ин сӯҳбатҳоро кард, ки Иёлоти Муттаҳида ба Иттиҳоди Аврупо ҳамовоз шуда, Эронро аз пайомадҳои сарпечӣ аз иҷрои қатъномаҳои Шӯрои амнмият ҳушдор дод. Иттиҳоди Аврупо рӯзи ҷумъа эълон кард, ки Эрон дар иҷрои ӯҳдадориҳои байнулмилалии худ кӯтоҳ омад ва акнун бояд гузинаҳои муҷозоти он баррасӣ шаванд.
XS
SM
MD
LG