Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Платинӣ аз омодагиҳои Киев ба чемпионати Аврупо


Бозиҳои қаҳрамонии Аврупо оид ба футбол дар соли 2012 дар чаҳор шаҳри Украина – Киев, Лвов, Донетск ва Харков баргузор хоҳанд шуд. Дар ин бора рӯзи ҷумъа раиси УЕФА – Анҷумани иттиҳодияҳои футболи Аврупо Мишел Платинӣ хабар дод ва афзуд, ки ҳукумати Украина дар омодагиҳо ба чемпионат пешрафти назаррас дорад. Платинӣ ҳамчунин гуфт, ки бозии ниҳоии қаҳрамонии Аврупо дар Киев – пойтахти Украина доир мешавад.
Мизбонии чемпионати Аврупо оид ба футбол дар соли 2012-ро ду кишвар - Украина ва Лаҳистон бар дӯш хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG