Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян мавқеяшро бо мавқеъи Вошингтон наздик мекунад


Мақомоти Кореяи Шимолӣ мехоҳанд мавқеъи худро бо мавқеъи Вошингтон оид ба барномаи ҳастаии кишвар наздиктар кунанд. Дар ин бора хабаргузории давлатии Кореяи Шимолӣ бо такя ба изҳороти вазорати умури хориҷаи кишвар иттилоъ дод. Гуфта мешавад, ки дар ин бора баъд аз музокироти серӯза бо фиристодаи вижаи ИМА Стивен Босуорт гирифта шудааст. Дар изҳороти вазорати хориҷа гуфта шудааст, ки Пхенян ва Вошингтон дар бораи зарурати эҳёи музокироти шашҷониба оид ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ мувофиқа ҳосил карданд. Ва аммо дар мавриди он ки ин музокирот кай аз сар гирифта мешавад, алҳол иттилоъ дода нашудааст.
Кореяи Шимолӣ моҳи апрели соли равон аз музокироти шашҷониба берун шуд ва ба думболи он озмоишҳои ҳастаӣ ва мушакӣ гузаронд.
XS
SM
MD
LG