Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни оташсӯзӣ дар Перм боз афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни оташсӯзӣ дар шаҳри Перми Русия ба 132 нафар расид. Шаби гузашта дар бемористонҳо шаш тан аз афроди дар ин ҳодиса ҷароҳатбардошта аз олам даргузаштанд. Айни ҳол беш аз сад нафари маҷрӯҳ дар бемористонҳои шаҳрҳои Перм, Маскав, Санкт-Петербург ва Челябинск таҳти назорати табибон қарор доранд. Қарор аст имрӯз ду нафари вазъашон басо сангин аз Перм ба Маскав интиқол дода шаванд.
Сӯхтор дар тарабхонаи “Хромая лошадь” шаби шанбе бар асари оташбозӣ рӯх дод. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда чаҳор нафар боздошт шудаанд. Дирӯз мири шаҳри Перм ва аъзои ҳукумати вилоят ба истеъфо рафтанд.
XS
SM
MD
LG