Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониён дар инфиҷори Пешовар афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни як ҳамлаи маргталабона дар даромадгоҳи додгоҳи шаҳри Пешовари Покистон ба даҳ нафар расид. Дар ин ҳодиса тақрибан 40 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи расмӣ, маргталаб ҳангоми талоши вуруд ба бинои додгоҳ аз сӯи муҳофизон нигаҳ дошта шуд ва ҳамон лаҳза ӯ худро тарконид. Муассисаҳои ҳукуматии Покистон пайваста мавриди ҳамла қарор мегиранд, ду ҳафта пеш дар ҳамин гуна як ҳамла 19 нафар ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG