Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Копенҳаген конфаронси муҳитизистӣ ифтитоҳ шуд


Дар шаҳри Копенҳаген, пойтахти Дания, конфаронси СММ оид ба мушкилоти тағйири иқлими сайёра ифтитоҳ шуд. Намояндагони тақрибан дусад кишвар тайи даҳ рӯз тарҳи нави созиш оид ба маҳдудсозии партоби “газҳои гулхонаӣ” ба фазоро баррасӣ хоҳанд кард. Ин санад бояд протоколи Киоторо иваз кунад, ки мӯҳлати татбиқаш то соли 2012 муқаррар шудааст.
Сарвазири Дания Ларс Локке Расмуссен зимни ифтитоҳи ин нишаст изҳор намуд, “мо бояд имрӯз ҳалли ин мушкилро пайдо кунем, то ки фардо тавони ҳалли мушкилоти афзояндаро дошта бошем”.
Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, дар Копенҳаген аз чораҳои шадиди амниятӣ кор гирифта шудааст. Конфаронс рӯзи 18 декабр поён меёбад.
XS
SM
MD
LG