Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шеваҳои ҷанг бо Толибон баррасӣ мешавад


Қарор аст, имрӯз вазирони умури хориҷаи НАТО имрӯз шеваҳои мубориза бо Толибон ва Ал-Қоида дар Афғонистонро дар нишасти худ дар шаҳри Брюссел баррасӣ кунанд. Пеш аз нишасти вазирони НАТО дар қароргоҳи ин созмон, Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, ҳамин ҳафта эълом дод, ки ба Афғонистон 30 ҳазор сарбози дигар мефиристад ва баъзе аз кишварҳои узви НАТО ҳам гуфтаанд, ки 5 ҳазор сарбози дигар ба Афғонистон эъзом мекунанд. Бо ирсоли нерӯҳои тозанафас, теъдоди нерӯҳои Амрико, НАТО ва муттафиқонаш дар ҳайъати Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон аз 140 ҳазор нафар ҳам хоҳад гузашт, ки ҳудуди 100 ҳазор нафари онҳо амрикоӣ хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG