Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон: "Аз таққалубкорӣ парҳез кунед"


Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз мақомоти расмии ин кишвар хостааст, аз ҳаргуна дахолат ба умури интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ парҳез кунанд. Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои Ҷамъиятӣ, ки созмонҳои сиёсиву ҷамъиятии Тоҷикистонро гирд овардааст, ба мақомоти иҷроия амр додааст, то ҳар кори мумкинро анҷом бидиҳанд, то интихобот дар фазои демократӣ ва озодонаву шафоф баргузор шавад. Интихоботи порлумонии Тоҷикистон моҳи феврали соли оянда баргузор мешавад ва аҳзоби мухолифи сиёсӣ мегӯянд, ки қонуни интихобот мукаммал нест ва аз манофеъи ҳизби ҳоким ҳимоят мекунад, ки аз имконоти моливу сиёсӣ бархурдор аст. Ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистонро то кунун нозирони хориҷӣ, аз ҷумла нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо шаффофу демократӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ накардаанд.
XS
SM
MD
LG