Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси нави бунгоҳи ҳастаии СММ ба кор сар кард


Дипломати ҷопонӣ Юкия Амано имрӯз дар мақоми раиси Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ба кор сар кард. Вай дар ин вазифа барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, Муҳаммад Ал-Барадеиро, ки 12 соли охир раҳбари оҷонси ҳастаии Созмони Милал буд, иваз кард. Аманои 62-сола, дар Вазорати умури хориҷии Ҷопон мутахассиси гуфтушунидҳои бисёрҷонибаи халъи силоҳи ҳастаӣ буда, бо пуштибонии кишварҳои ғарбӣ ва бартарии андак раиси Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ интихоб шуд.
XS
SM
MD
LG