Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси шабакаи мустақили энержии Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз эълом кард, ки шабакаи ягонаи мустақили энержии кишвар таъсис шуд, ки пойбандии онро аз шабакаҳои хориҷӣ раҳо мекунад. Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хати баландшиддати нерӯи барқи Ҷануб- Шимол гуфт: “Аз ҳамин лаҳза эътиборан хатти интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» ба фаъолият оғоз кард ва шабакаи ягонаи энергетикии кишвар ташкил гардид.” Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон акнун Тоҷикистон метавонад, мустақилона вилояти Суғдро ки умдатан нерӯи барқи Ӯзбакистонро мехарид, бо нерӯи барқи худӣ таъмин кунад, зеро эҳтиёҷоти вилояти Суғд ба нерӯи барқ дар як шабонарӯз 14 миллион киловатт - соатро ташкил медиҳад, вале хатти «Ҷануб-Шимол» қодир ба интиқоли 27 миллион киловатт - соат дар як шабонарӯз аст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст дигарбора таъкид кард, ки ҳукумат ба ҳар роҳе нерӯгоҳи барқи обии Роғунро хоҳад сохт, ки ягона роҳи халосӣ аз норасоии барқ дар Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG