Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи шукргузорӣ дар Амрико


Мусалмонони Амрико Иди Қурбонро имрӯз, 27-уми ноябр таҷлил мекунанд. Вале шуморе аз онҳо, ки солҳои тӯлонӣ боз дар Амрико ҳастанд, рӯзи 26-ум низ, ки дар Амрико рӯзи истироҳатӣ буд, дар манзилҳояшон дастурхони идона густарданд ва ба Раззоқ сипос гуфтанд.

26 ноябр дар ИМА Рӯзи сипосгузориро таҷлил намуданд. Ин идро мешавад иди воқеъии амрикоӣ номид, чун дар қаламрави ин кишвар пайдо шуд ва танҳо ба ин сарзамин дахл дорад ва ба таври густарда ва дар сатҳи давлатӣ ва миллӣ танҳо дар Амрикову Канада ҷашн гирифта мешавад.

Таърихи мухтасари пайдоишаш чунин аст. Дар асри 17-ум муҳоҷирон аз Аврупо дар ҷустуҷуи зиндагии беҳтар бо чанд киштӣ ба соҳилҳои Плимут омада, дар ин ҷо шаҳраке бунёд намуданд. Аммо онҳо дар бораи табиат ва тарзи кишоварзӣ дар «заминҳои нав» маълумоте надоштанд ва пайдо намудани ғизо барояшон ба як мушкили умда табдил ёфт. Дар ниҳоят қариб буд, ки муҳоҷирон аз гуруснагӣ ба ҳалокат мерасиданд, аммо дар охирин лаҳзаҳо мардуми бумӣ ба шаҳрак омада, бо худ маводи хӯрокаву лавозимоти зиндагӣ оварданд.

Ба муносибати наҷот аз дасти марг муҳоҷирон ҳар сол дар ин рӯз аз Худо ва аз ҳиндуҳои раҳмдил сипосгузорӣ мекарданд ва ҳамин тавр ин аввал ба иди мардумӣ ва баъдан ба маросими миллӣ ва давлатӣ табдил ёфт.

Умуман, ИМ ин давлати муҳоҷирон аст ва ба ғайр аз ҳиндуҳои бумӣ касе наметавонад худро амрикоии таҳҷоӣ хонад. Агар аз касе ки набошад, савол кунед, ки ӯ муҳоҷири чандум насл аст, вай ҳатман таърихи омадани хонаводаашро нақл мекунад. Ҳамсӯҳбати мо Кристофер Алмейда муҳоҷири насли дуввум аст. Яъне, падару модараш ба Амрико кӯчида буданду, худи вай аллакай дар ин ҷо таваллуд шуд. Вай гуфт, ин идро бо аҳли оилааш бо тамоми расму қоидаҳояш ҷашн мегиранд. Женя, донишҷӯдухтар аз Беларус, панҷ сол боз дар Ню-Йорк зиндагӣ мекунад ва ин идро албатта ҷашн мегирад, аммо ягон ҳаяҷоне дар дил надорад.

Фотеҳ Мухторов, гуштигир ва паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар Амрико тамрин мекунаду, дар мусобиқаҳо ширкат меварзад. Як моҳ қабл вай дар Лос-Анҷелес дар сабқати гуштии тарзи сумо ба ҷои чаҳорум сарфароз шуд. Ба вай занг зада, пурсидам, ки «Рӯзи сипосгузорӣ» барояш чӣ маънӣ дорад. Ӯ гуфт: «Ман медонам, ки дар Амрико Иди Сипосгузорӣ аст, аммо ман дар борааш ягон тасаввуроте ҳам надорам. Бештар ба иди тоҷикон ва иди мусалмонон - Иди Қурбон омодагӣ мегирам ва барои ман идҳои мусалмонӣ муҳимтар ва азизтар мебошанд.»
XS
SM
MD
LG