Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Путин аз Фаронса идома дорад


Сарвазири Русия Владимир Путин дар ҷараёни мулоқотҳои имрӯзааш дар Порис ба ширкатҳои Фаронса нақши бузургтаре дар тарҳҳои бузурги энержӣ, аз ҷумла дар эҳдоси лӯлаҳои газро пешниҳод хоҳад кард. Путин алакай ваъдаи пуштибонии ширкати фаронсавии Renault аз корхонаи бӯҳронзадаи мошинсозии АвтоВАЗ-и Русияро ба даст овард.
Қарор аст, имрӯз дар ҷараёни дидори Путин бо ҳамтои фаронсавиаш Франсуа Филлон дар ҳошияи Порис миёни ду кишвар чанд созишномаи тиҷоратӣ имзо шавад. Сармоягузории мустақими Фаронса ба иқтисоди Русия дар ҳудуди 10 миллиард доллар баровард мешавад. Як миллиарди он маблағест, ки Renault дар баҳои 25 фоиз саҳмияҳои АвтоВАЗ ваъда кардааст.
XS
SM
MD
LG