Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишастҳои муҳими раҳбарони пасошӯравӣ дар Минск


Имрӯз дар Минск, пойтахти Беларус, нишасти раҳбарони кишварҳои узви Ҷомиаи ҳамкориҳои АвроОсиё ва ҳамоиши сарон таҳти унвони “Паҳнои Иттиҳоди кишварҳои ҳамсӯдро ба ҳам меорем” баргузор мешавад. Дар ҳарду нишаст як мавзӯъи аслии баҳс роҳҳои бурунрафт аз бӯҳрони иқтисодист.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар раъси ҳайъати кишвараш ба хотири ширкат дар ин ҷаласот дирӯз ба Минск рафт. Раҳмон дар Минск алакай бо раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка мулоқоте анҷом додааст.
Дар ҳошияи нишастҳои Минск ҳамчунин қарор аст, Русияву Беларус ва Қазоқистон дар бораи ташкили Иттиҳоди гумрукӣ миёни ин се кишвар хабар диҳанд.
XS
SM
MD
LG