Пайвандҳои дастрасӣ

Стротежии нави Амрико рӯзи 2 декабр эълон мешавад


Кохи Сафед гуфт, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама стротежии нави Афғонистонро дар ҳафтаи оянда зимни паёме ба мардум эълон хоҳад кард. Сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гиббс гуфт, ин паём рӯзи 2 декабр аз мақари академияи низомии Вест Поинт ироа хоҳад шуд. Қарор аст, Обама барномаи баъдии Амрико ҷиҳати хунсо кардани хушунатҳо дар Афғонистон ва дар ниҳояти амр, анҷоми нақши низомии Амрико дар он кишварро бармало кунад. Амрико феълан дар Афғонистон 68 000 сарбоз дорад, вале фармондеҳонаш хостори эъзоми нирӯи изофӣ ба он кишвар шудаанд.
XS
SM
MD
LG