Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти донишҷӯёни эронӣ қабл аз Рӯзи донишҷӯ


Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башари Эрон, мақомоти кишвар, ба хотири ҷилавгирӣ аз тазоҳуроти густардаи мухолифин зимни таҷлил аз Рӯзи донишҷӯ, даҳҳо нафар, асосан муҳассилини донишгоҳҳои пойтахтро, боздошт кардаанд. Рӯзи донишҷӯ дар Эрон 7 декабр таҷлил мешавад. Фаъолони мухолифин эълом доштанд, ки он рӯз ба хиёбонҳо рехта, аз нав алайҳи натоиҷи тақаллубии интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи июн эътироз мекунанд. Ва аммо мақомоти қудратӣ изҳор карданд, ки аз ҳама гуна намоишҳо ҷилавгирӣ хоҳанд кард.
Дар бораи боздошти донишҷӯён созмони “Маъракаи байнулмилалӣ барои ҳуқуқи башар дар Эрон” ва вебсайтҳои мухолифи ҳукумати Эрон хабар додаанд.
XS
SM
MD
LG