Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Ҳейг иддаои Караҷичро нодида гирифт


Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг ваё Гаага оид ба Югословияи собиқ иддаои раҳбари пешини сербҳои Боснӣ Радован Караҷич барои бознигарии тасмими тайини вакили мудофеъро сарфи назар кард. Бо вуҷуди эътирозҳои Караҷич, аз ин баъд аз манфиатҳои ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ адвокати бритониёвӣ Ричард Ҳарвӣ дифоъ хоҳад кард.
Тасмим дар бораи таъйини вакили дифоъ барои Караҷич аз сӯи Додгоҳи Ҳейг рӯзи 5 ноябр, баъд аз он гирифта шуд, ки раҳбари пешини сербҳои Боснӣ, бо далели вақти кофӣ надоштанаш барои ошноӣ бо парвандаи ҷиноӣ, аз ширкат дар бозрасиҳои додгоҳӣ сарпечӣ кард. Ӯ қаблан гуфта буд, ки ба вакили мудофеъ ниёз надорад ва барои дифоъ аз худ омода хоҳад шуд.
Радован Караҷич дар наслкӯшӣ, ҷиноёти низомӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият замони ҷанг дар Югославияи собиқ дар солҳои 90-ум айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG